Вохӯрии сардорони "Интерпол"-и ВКД Тоҷикистон ва ВКД Туркия
Рӯзи 24-уми ноябри соли 2025 дар доираи 93-юмин Ассамблеяи генералии созмони байналмилалии полиси ҷиноии "Интерпол" дар Шоҳигарии Марокаш вохӯрии сардори БММ "Интерпол"-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Содиқзода Камол Сайфулло бо сардори "Интерпол"-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркия Мустафа Серкан Сабанджа баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкориҳо баррасӣ гардиданд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин майори милитсия Пирзода Синбод - сардори шуъбаи таъминоти иттилоотӣ-техникии Бюрои миллии марказии “Интерпол”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва капитани милитсия Раҷабзода Муртазо Шариф - афсари алоқаи шуъбаи таъминоти иттилоотӣ-техникии Бюрои миллии марказии “Интерпол”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.




















