Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ду ҳолати дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Восеъ аризаи ҷавонзани 22-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 19-уми ноябри соли 2025, тахминан соати 23:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба мағозаи фурӯши телефонҳои мобилиаш, воқеъ  дар ҷамоати деҳоти Миралиободи ноҳияи Восеъ даромада, аз он ҷо 9-адад телефонҳои мобилии гуногунтамға ва 10-адад батарейкаи телефонро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 5 ҳазору 610 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 18-солаи сокини ноҳияи Восеъ содир намудааст. 
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 26-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 6-уми ноябри соли 2025, тахминан соати 13:00, бо шахсони ба тафтишот номаълум дар ҳудуди бозори «Сомон»-и шаҳри Бустон қарор дошта, аз ҷайби либоси дар тандоштаи зани 40-солаи сокини ноҳияи мазкур 2 ҳазору 600 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

25.11.2025 8:10
23