Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Даст ба авбошӣ задани марди 28-сола

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза марди 32-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 24-уми ноябри соли 2025, тахминан соати 13:30-дақиқа, писари амакаш марди 28-солаи сокини ҳамин шаҳр ҳангоми дар кӯчаи Улуғбеки шаҳри Ваҳдат қарор доштанаш, аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос бо бародараш марди 30-солаи сокини ҳамон ҷо ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд як маротиба ба шикамаш зарба зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

25.11.2025 8:08
22