Парчам рамзи соҳибистиқлолӣ ва шарафу ифтихори миллӣ
Рӯзи 24 ноябр дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби омӯзгорони факултети №4 Академияи ВКД чорабинии тантанавӣ ва конференсияи илмӣ – назариявӣ доир гардид.
Ҳайати шахсӣ бо ифтихор аз ин санаи таърихӣ, ки барои ҳар як тоҷикистонӣ шарафу ифтихори миллӣ мебошад “Рӯзи Парчами давлатӣ”-ро бо тантана таҷлил намуданд.
Чорабинӣ бо ворид намудани Парчами давлатӣ ба толор ва сароидани суруди миллӣ оғоз ёфт. Таҷлил аз Рӯзи Парчами давлатӣ дар баробари эҳтиром ва қадршиносии муқаддасоти давлатӣ, ҳамзамон заминагузорандаи тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва садоқат ба сарзамини худ мебошад. Зеро парфишонии Парчам рамзи расмии Ҳокимияти давлатӣ, ифодагари ваҳдату ягонагӣ ва соҳибихтиёрии давлат аст.
Дар оғоз муовини сардори Раёсат полковники милитсия Сӯҳроб Қурбонзода аҳли нишастро аз номи роҳбарияти ВКД ва Раёсат табрик намуда вобаста ба моҳияти баргузории чорабинии имрӯза ва таърихи парчамдории тоҷикон маълумот дод. Гуфта шуд, ки ба таври шоиста таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони волоӣ втандӯстӣ, сарҷамъии миллат ва осӯдагӣ дар Ватан мебошад. Парафшонии Парчам таҷассумгари ормонҳои халқ ба сӯйи ояндаи дурахшон буда, устувории низоми давлатдорӣ ва ғурури миллиро ифодагар аст. Дар тамоми давру замонҳо Парчам бо эҳсоси худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ пайвандӣ дошта то кунун ин анъана ҳифз шудааст.
Дар маърӯзаи худ номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ сардори факултети №4 Академияи ВКД Меҳриддин Ғафурӣ қайд намуд, ки таърихи парчамдории тоҷикон аз дуриҳои дури таърих сарчашма мегирад. Беҳтарин намунаи он Дирафши Ковиён дар “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ таҷассум ёфтааст.
Бо қабули Парчами давлатӣ дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, пояҳои давлатдории навини миллӣ гузошта шуданд. Ҳамакнун 33 сол инҷониб ҳамватанони мо зери ин Парчами ваҳдатофар дар оромиву осоиштагӣ, амнияту субот умр ба сар бурда Ватани маҳбуби худро ба давлати ободу осоишта ва пешрафта мубаддал намудаанд. Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар куҷоеки барафрохта шавад муаррифгари кишвари озоду ҳуқуқбунёди мо мебошад.
Ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки гуфтаанд “Ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром гузорад, барои боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар ҷаҳон саҳми худро гузорад ва ҳаргиз фаромӯш накунад, ки парчам рамзи номус ва шарафи миллат аст”.
Маърӯзачиён бо далелҳои муътамад арзиши Парчаму парчамдориро ба ҳозирин фаҳмонида, гиромидошти ин санаро барои сарҷамъии давлату миллат муҳим арзёбӣ намуданд. Таъкид карда шуд, ки ҳар як давлатро Парчами миллиаш ҳамчун рамзи давлатдорӣ муаррифӣ карда арзишҳои моддиву маънавии давлатӣ дар он тасвир ёфтааст. Аз ҷумла, се ранги дар Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол инъикос ёфта низ ифодагари роҳи таърихии давлатдории тоҷикон ва орзуву ормонҳои халқ буда, тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар бошад ишора ба решаҳои таърихии давлатдории миллӣ аст.
Дар хотима таъкид гардид, ки ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро зарур аст Парчами давлатиро эҳтиром ва барои ободу пешрафти Ватан ҳиссагузорӣ намояд. Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки Парчам дар баробари рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ, таҷассумкунандаи нангу номуси Ватандорӣ ва шарафи миллӣ мебошад.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.






















