Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи шоҳмот ва шашка бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ

Рӯзи 24-уми ноябри соли 2025 бахшида ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ мусобиқаи шоҳмоту шашка байни кормандони сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи мазкур баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо дар мусобиқа оид ба шоҳмот фаъолона иштирок намуда, дар байни дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ соҳиби ҷойи аввал ва дар мусобиқаи шашка соҳиби ҷойи дуюм гардид.
Ғолибон аз ҷониби кумитаи тадорукоти мусобиқа бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

24.11.2025 17:26
95