Оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ барои ғайриқонунӣ гирифтани кредит
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён бо гумони ғайриқонунӣ гирифтани кредит дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда моҳи июли соли 2024 бо мақсади гирифтани маблағи пулӣ аз Филиали корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу сохтмонии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк” дар шаҳри Бохтар аз рӯи маслиҳати пешакӣ аз ҶДММ “Коттон Сорбон” ба ному насаби марди 30-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён маълумотнома, ки гӯё марди 30-сола дар ҷамъияти мазкур ба ҳайси коргари техникӣ кор карда, музди маошаш дар як моҳ 4 ҳазору 800 сомонӣ мебошад, омода намудааст.
Минбаъд гумонбаршаванда маълумотномаи бараъло қалбакии омоданамудаашро ба Филиали “Саноатсодиротбонк” дар шаҳри Бохтар пешниҳод намуда, марди 30-соларо дар бонки мазкур зомин гузаронида, бо мақсади васеъ намудани хизматрасонӣ 100 ҳазор сомонӣ гирифта, ғайримақсаднок истифода намуда, ба манфиати давлат зарари моддӣ расонидааст.
Бо ҳамин тарзу усул гумонбаршаванда аз рӯи маслиҳати пешакӣ аз ҶДММ “Коттон-Сорбон”, ба ному насаби ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Левакант маълумотнома ва ба номи марди 53-солаи сокини ноҳияи Данғара маълумотнома, ки гӯё онҳо дар ҶДММ “Сорбон-1605” ба ҳайси хазиначӣ ва муҳосиб кор мекунанд, омода намуда, аз рӯи ин ҳуҷҷатҳои қалбақӣ аз филиали “Саноатсодиротбонк” дар шаҳри Бохтар 100 ҳазор сомонӣ гирифта, ғайримақсаднок истифода намуда, ба манфиати давлат зарари моддӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 264 ва қисми 2 моддаи 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
















