Ошкор шудани ҳолати мардумфиребӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда моҳи марти соли 2025 бо роҳи фиреб ба боварии марди 32-солаи сокини шаҳри Вахдат даромада, аз ӯ ду адад автомашинаҳои гуногунтамғаи «Тайота Кемри»-ро ба маблағи 145 ҳазор сомонӣ ва як адад воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес Бенс ЧЛ»-ро ба маблағи 280 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, автомашинаҳоро ба дигар шахсон фурӯхта маблағашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Зарари расонидашуда 325 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.















