Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани ҳолатҳои дуздӣ 

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 20-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда ҳангоми дар маҳаллаи 1-уми майи ноҳияи Шоҳмансур қарор доштанаш бо роҳи пинҳонӣ аз ҳамёни электронии ҷавони 20-солаи сокини пойтахт 14 ҳазору 700 сомониашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонони 23 ва 21-солаи сокинони шаҳри Роғун ва ноҳияи Б.Ғафуров ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон 29-уми октябри соли 2025, тахминан соати 05:00, бо маслиҳати пешакӣ ба хонаи шиносашон ҷавони 20-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, аз он ҷо 6-адад телефонҳои мобилии гуногунтамғаро, ки арзиши умумиашон 8 ҳазору 950 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳамин тариқ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 48 ва 44-солаи сокинони шаҳри Конибодом бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон 18-уми ноябри соли 2025, тахминан соати 07:00, аз коргоҳи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии «Оҳаксанг», ки ба марди 30-солаи сокини шаҳри мазкур тааллуқ дорад, арматураҳои куҳнаи гуногунҳаҷмро бо роҳи пинҳонӣ дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Зарари расонидашуда 9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршавандагон бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

24.11.2025 8:40
25