Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки намояндагони ВКД дар Ассамблеяи генералии "Интерпол" 

Рӯзи 24-уми ноябри соли 2025 дар шаҳри Марокаши Шоҳигарии Марокаш 93-юмин Ассамблеяи генералии созмони байналмилалии полиси ҷиноӣ "Интерпол" баргузор гардид.
Дар кори Ассамблеяи мазкур полковники милитсия Содиқзода Камол Сайфулло - сардори Бюрои миллии марказии “Интерпол”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия Пирзода Синбод - сардори шуъбаи таъминоти иттилоотӣ-техникии Бюрои миллии марказии “Интерпол”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва капитани милитсия Раҷабзода Муртазо Шариф - афсари алоқаи шуъбаи таъминоти иттилоотӣ-техникии Бюрои миллии марказии “Интерпол”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Ассамблеяи мазкур то 27-уми ноябр идома ёфта, дар ҷараёни он масъалаҳо оид ба тақвияти имкониятҳои полиси байналмилалӣ дар самти ҷустуҷӯи байналмилалӣ, мубориза бар зидди ҷиноятҳои кибернетикӣ, инчунин пешгирии гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, савдои одамон ва дигар масъалаҳое, ки бевосита ба фаъолияти кории ин созмон тааллуқ доранд, мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

24.11.2025 15:54
267