Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хуҷанд

Хуҷанд маркази сиёсӣ-маъмурии вилояти Суғд аст. Аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ шаҳри дуюми Тоҷикистон мебошад.

Хуҷанд яке аз шаҳрҳои қадимтарин дар Осиёи Миёна мебошад, ки ҳамчун маркази тиҷорат машҳур ва аз инҷо «Роҳи бузурги абрешим» мегузашт, ки Осиё ва Аврупоро пайваст мекард. Таърихшиносони қадим Хуҷандро «Тирози ҷаҳон» ё «Арӯси даҳр» номида, аз мардуми бофарҳанги он ёдовар шудаанд. Хуҷанд ҳамчун шаҳри таърихан куҳани Осиёи Марказӣ, аз рўи тадқиқоти олимони бостоншинос, таърихшиносону меъморон чанд давраи бобаракаташро аз сар гузаронидааст. Давраи якуми сохтмони шаҳр (асрҳои VI-IV то милод) Хуҷанди архаикӣ (қадим) ба ҳисоб меравад, ки мансуб ба замони ҳукмронии сулолаи Ҳахоманишиҳост. Сонитар, Хуҷанд дар ҳайати империяи Искандари Мақдунӣ васеъ мешавад ва инкишоф меёбад. Баъди Хуҷандро забт намудани Искандар (асри IV то милод) қалъаи шаҳр мустаҳкам карда мешавад. Дар қатори сокинони таҳҷоӣ ҳамшаҳриёни аввалини мо (ҷамоаҳои суғдиву фарғонагиҳову сакоиҳо) дар қисми нави шаҳр кироягони эллинӣ, афсарони македонии барои юришҳои ояндаи Искандар корношоям, асирони ҳарбӣ низ зиндагӣ мекарданд. Ба шарафи забткориаш ба шаҳр номи ҷаҳонгири антиқӣ Искандар дода шуд, ки он шаҳри охирини номи худашро гузошта — Искандарияи Канорӣ ба ҳисоб меравад. Аз рўи маълумоти мавҷуда, дарозии девори шаҳри замони Искандар 60 стадии юнонӣ буд, ки ба 6000 қадам баробар аст. Ин давраи дуввуми антиқии сохтори шаҳри мост. Роҳи Абрешим - шаҳри Хуҷанд чун маркази савдо, ҳунармандӣ дар гузашта машҳур буд. Роҳи корвонгузари тиҷоратии асримиёнагӣ — «Роҳи бузурги абрешим» ба Осиёи Миёна, аз Ҳиндустон, Эрон, Шарқи Наздик, Хитой ва ҳавзаи баҳри Миёназамин аз ин ҷо мегузашт.

 

22.07.2020 14:19
42