Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ҳодисаи нақлиётӣ дар ноҳияи Дӯстӣ  

19-уми ноябри соли 2025, тахминан соати 20:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер”, Кенҷаев Фарҳод Исмоилович, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Дустӣ дар ҳудуди деҳаи Роҳи-нави ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Зиёдуллоев Имомалӣ Каримович, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Зиёдуллоев И.К. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас кардан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

21.11.2025 8:36
34