Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати «Рӯзи Парчами давлатӣ» ва арҷгузорӣ ба ин муқаддасоти давлатӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи олам ҳамчун давлати соҳибистиқлол муаррифӣ мекунад, чорабинии тантанавӣ баргузор шуд.
Дар чорабинӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ, полковники милитсия Вализода Илҳомиддин Сироҷиддин, Раиси Кумитаи иҷроияи ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, ҳайати шахсии ВКД ва дигар меҳмонон иштирок намуданд. Роҳбарияти Вазорат ҷамъомадро ифтитоҳ бахшида, изҳор доштанд, ки парчами давлатӣ муаррифгари миллату давлати тоҷикон дар арсаи байналмилал мебошад.
Зимни суханронӣ муовини вазири корҳои дохилӣ аз таърихи пайдоиши Парчам дар давараҳои давлатдории ниёгон ёдоварӣ намуда, паҳлуҳои таърихӣ, тасвир, ранг ва моҳияти ҳуқуқии Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ дод. Баромадкунандагон бо шарҳу тавзеҳи ҳуқуқӣ баён намуданд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хамчун нишонаи давлати соҳисбистиқлол, ифодагари ғурури миллӣ ва мақоми хос доштани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минбарҳои бонуфузи олам мебошад. Он нишони қудрат ва ифтихормандӣ буда, нишони фазилати мову Шумо – Тоҷикистониён аст. Гиромӣ доштани Парчам вазифаи муқаддас ва қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост, зеро ҳар як давлатро аз парчамаш мешиносанду таърихи онро меомӯзанд.
Иброз гардид, ки таҷлил аз рӯзи Парчами давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон, азиз доштани арзишҳои муқаддаси давлатиро ифода намуда, баёнгари ифтихору ғурури миллӣ барои хар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Қайд кардан зарур аст, ки Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар саросари мамлакат аз соли 2009 инҷониб санаи 24 ноябр ҳамчун «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Таҷлил намудани «Рӯзи Парчам» дар замири хурду бузург ифтихор аз ватану ватандорӣ, ҳисси баланди худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатиро афзун мекунад.
Эҳсон Абдуллозода
























