Рух додани ҳодисаҳои нақлиётии марговар дар роҳҳои кишвар
18-уми ноябри соли 2025, тахминан соати 20:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел Астра”, Ғуломов Хушбахт Кенҷаевич, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти маркази шаҳри Ваҳдат ба самти ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба девори манзили истиқоматии сокинон бармехӯрад.
Дар натиҷа, мусофирон Исмоилзода Ҳасани Муқим, соли таваллудаш 1996, Нориқулзода Муҳаммади Сангин, соли таваллудаш 2008, Умедҷон Ҷурабекович, соли таваллудаш 2002, сокинони шаҳри Ваҳдат, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шуда, мусофири дигар, Очилдиев Холназар Гурезович, соли таваллудаш 1974, сокини ҳамин шаҳр дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
19-уми ноябри соли 2025, тахминан соати 12:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ-520», Ҳамроқулов Хуршедҷон Бунёдович, соли таваллудаш 2003, сокини ноҳияи Ашт, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Марҳамат ба самти деҳаи Гулшан дар ҳудуди деҳаи Марҳамати ноҳияи Ашт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинааш аз роҳ баромада ба пастхамии роҳ чаппа шудааст.
Дар натиҷа, ронанда Ҳамроқулов Х.Б. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.















