Истаравшан
Истаравшан (форсӣ: استروشن) — маркази ноҳияи Истаравшан ва яке аз шаҳрҳои қадимтарин дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Курушкада, Киропол (Кирэсхата), Уструшана, Суйдуйшана, Ӯротеппа баъзе аз номҳои пештараи ин шаҳр буданд. Истравшан аз рӯи шумораи аҳолӣ 59 900 (2015) дуюмин шаҳри тобеи вилояти Суғд мебошад. Масофаи байни Истаравшан ва маркази вилоят Хуҷанд 78 км ташкил медиҳад. 10 ноябри соли 2000 номгузурии туркзабонаи шаҳри Ӯротеппа дар асоси қарори Маҷлиси Миллии ҶТ ба номи қадимаи он, Истаравшан иваз карда шудааст.
Таърих гувоҳ аст, ки Истаравшани бостонӣ яке аз шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Марказӣ буда, таъриху тамаддун, адабу фарҳанги хоси хешро дошта, дар ҳаёти сиёсию иктисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ин қаламрав нақшу мавқеъи муҳимро бозидааст. Аз ин рў, беҳуда нест, ки онро ҳамсамту ҳамрадифи шаҳрҳои машхури Бухорою Самарқанд мешуморанд. Ҳар пора хишту похсадевори осори кухани Истаравшани бостонӣ аз афтидану хестанҳо, сӯхтану сохтанҳо, шикастану пайвастанҳо ва борҳо завол ёфтану бозгашта эҳё шуданҳо, яъне аз тамаддуни дерина, давлатдории кӯҳанбунёд ва заҳматписандию ободгарии миллати ҷафокашидаю сарбаланди тоҷик қисса мекунад.
Дар таърихи тамаддуни башари шояд кам шаҳре вохурад, ки дар дарозии наздик ба 3000 сола се маротиба, балки 4 маротиба номи худро иваз карда бошад. Киропол (Кирэсхата, Курушкада) Истаравшан, Ӯротеппа ва боз ҳам Истаравшан. Ин шаҳри қадима аз макони афсонаҳои зинда тули 600-700 соли охир Ӯротеппа ном дошт. Таърих мисолеро ёд надорад, ки ин ё он шаҳре мисли Истаравшан аз рӯзи пайдошавӣ дар саҳфаи таърихи тамаддуни инсоният шаҳр ё кишвари қалъа андар қалъа ёд шавад. Қалъаи Муғ, Қалъаи Баланд, Қалъаи Меҳнат, Қалъачаи Гули Зард, Қалъачаи Бакавул, Қалъачаи Араб ва ғайра, ки имрӯз номи бархе аз мавзеъ ва деҳоти Истаравшанро ба худ гирифтаанд, дар рӯзгори мози дижу истеҳкоми Курушкада (Кирополь) Истаравшан – Ӯротеппаро дарбар мегирифтаанд.
Баъди забти Осиёи Миёна аз ҷониби Русия анъанаҳои шаҳрсозӣ дар Истаравшан боз такмил ёфт. Дар қисмати шимолию шарқии он бахши русии шаҳр бо номи «Гузари Урус» ба вуҷуд омад. Маъмурияти давлатии подшоҳи рус ва табақаҳои он ба эъмори калисо, иморатҳои ҷамъиятию истиқомати гарнизони ҳарбию почта, мактаби русию таҳҷои даст задаанд, ки он соли 1888 кушода шудааст. Сарфи назар аз он, ки ин кишвари дар гузашта мустақил вилояти маъмул ва шаӽри азим дар дарозии даврони таърихи борҳо хароб гардидаю аз нав эҳё гардидааст, тавассути заҳмати дастони тиллоии ҳунармандони мунтозаш ва мардуми бонангу ору номуси Истаравшан, суннатҳои фархангию хунари хифзшуда ганитар мегардан. Гулдузону дарзиёни моҳири Истаравшан, сузани, зардевори, камарбанд, ҷойнамоз, туппиҳои (тоққи) мардонаю занона ва бачагона ва соири дигари хунарҳои мардумиро машхур гардониданд. Чуноне, ки академик Аҳрор Мухторов дар китоби "Ҳокимони Истаравшан" ба рӯзномаи «Туркестанские ведомости» истинно карда навиштааст, дар соли 1882 дар Ӯротеппа (Истаравшан) 578 гузари хунарҳои мухталифдор ва 642 дукони ҳунармандони мардумӣ фаъолият мекард. Шаҳр зиёда аз 120 масҷид дошт. Гузарҳои заргарӣ, мисгарӣ, оҳангарӣ, кордгарӣ, дегрезон, шонатарошон, косабофон, читгарон, кулолгарон, осиёдурусткунон, чармгароне ва ғайра ҳоло ҳам ҳастанд ва ҳунарҳои дурудгариву хиштпазӣ, танурсозиву кафшдузӣ, собунпазиву аллофӣ, ресандагию қолинбофӣ, қошуқтарошию наългарӣ ва ғайра аз ҷумлаи ҳунарҳои мардуми заҳматкаши Истаравшан мебошад. Дар даврони истиқлолияти Тоҷикистон бо дастгирии ҳукумати кишвар мардуми Истаравшан бори нахуст соли 2002, 2500 солагии шаҳри қадимаро ҷашн гирифт.