Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҳкими ҳамкориҳо дар раванди ислоҳоти милитсия

20-уми ноябри соли 2025 дар бинои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Вализода Илҳомиддин Сироҷиддин бо иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари Барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе хонум Татьяна Цуркан баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар раванди ислоҳоти милитсия, коркарди Барномаи нави ислоҳоти милитсия барои солҳои 2026-2030 ва дигар масъалаҳои муҳими соҳаро мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар  хотима ҷонибҳо ҷиҳати рушду нумуъ додани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти ислоҳоти милитсия  изҳори боварӣ намуданд.

20.11.2025 17:04
43