Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани ҳолати дуздӣ 

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 30-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, 30-юми сентябри соли 2025, тахминан соати 05:30-дақиқа, аз дохили автомашинаи худаш тамғаи «Аён», 1-адад ҳамёни зани 47-солаи сокини шаҳри мазкурро дарёфт намуда, аз дохили ҳамён маблағи 4 ҳазору 800 сомонӣ, 1-адад шиносномаи миллӣ, 1-адад ҳуҷҷати ронандагӣ ва 1-адад корти бонкиро тасарруф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

20.11.2025 8:18
29