Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошти марди авбош 

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавонзани 24 ва марди 61-солаи сокинони шаҳри Душанбе муроҷиат намудаанд, ки 17-уми ноябри соли 2025, тахминан соати 20:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Маяковский қарор доштанашон марди 34-солаи сокини пойтахт бо марди 61-сола муноқиша намуда, аз ҳиссиёти авбошӣ таритиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, якдигарро мавриди лату кӯб қарор додаанд. Баъдан марди 34-сола бо корд як маротиба ба рони пойи рости марди 61-сола зарба задааст, ки бо ин кирдораш ба ҷабрдида зарари ҷисмонӣ расонида, инчунин ба ҷавонзани 24-сола, ки ҳамбастагӣ надоштааст, зарар расонидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

20.11.2025 8:16
34