Бо роҳи фиреб гирифтани маблағ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда соли 2022 бо роҳи фиреб ба боварии марди 50-солаи сокини пойтахт даромада, ваъда додааст, ки молу маҳсулоти техникӣ аз он ҷумла (яхдон, телевизор, мошинаи ҷомашуӣ ва ғайра)-ро, аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо автомобилҳои боркаш интиқол медиҳад.
Сипас гумонбаршаванда барои супоридани боҷи гумрукӣ ва аз марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон молу маҳсулотҳои соҳибкоронро бурда ба соҳибонашон расонидан аз ҷабрдида маблағи 30 ҳазор доллари амрикоӣ барои пардохти боҷи гумрукӣ ва 3 ҳазору 500 доллари амрикоӣ ҳаққи хизматрасонӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш истифода кардааст.
Баъдан ҷабрдида аз кирдорҳои гумонбаршаванда огоҳ шуда, сипас барои молу маҳсулотҳои ба Ҷмҳурии Тоҷикистон гузаронидан маблағи боҷи гумрукиро ба миқдори 29 ҳазору 500 доллари амрикоӣ супоридааст.
Инчунин аз молу маҳсулотҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолдода гумонбаршаванда ба миқдори 7 ҳазор доллари амрикоӣ маҳсулотҳои соҳибкоронро тасарруф намуда несту нобуд кардааст ва аз ҳисоби 2 ҳазору 200 доллари амрикоӣ боҷи гумрукии молу маҳсулотҳои ворид намудаашро насупорида бо ин кирдораш ба ҷабрдида, ҷамъ ба маблағи 42 ҳазору 700 доллари амрикоӣ зарари махсусан калон расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо банди «б» қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷинотӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

















