Оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ барои тағйир додани иттилооти компютерӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, коргари назоратчии ФҶСК шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳри Кӯлоб бо гумони тағйир додани иттилооти компютерӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиаш аз 1-уми ноябри соли 2023 то 1-уми июни соли 2025, талаботи қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, вайрон намуда, бо мақсади пинҳон намудани талафоти ғайриқонунӣ аз меъёри муқарраршудаи қувваи барқ, минбаъд барои фаъолияти кории худро хуб нишон додан, дидаю дониста, ба барномаи “СМАРТ-БИЛИНГ”, ки дар системаи компютерӣ ва маҳзани мошинҳо нигоҳ дошта шудааст, маълумоти бардуруғ тавассути POS-терминалҳо (Пакс) ворид кардааст, ки дар натиҷа даст ба изофанависӣ ва таҳрифкорӣ ба маблағи 29 ҳазору 914 сомониву 5 дирамро ғайриқонунӣ ба суратҳисоби 12 нафар муштариёни шаҳри Кӯлоб анҷом додааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 299 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.















