Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шукрона

Шукрона кун эй халқи Ватан аз дилу аз ҷон,
Шукронаи ин хоку дари равзаи Ризвон,
Шукрона ба ҳар хору хаси  мазраи мардон,
Шукрона ба ҳар тозагули боғу гулистон,
Шукрона ба ҳомии Ватан, роҳбари даврон.
                       Шукрона аз ҷон,
                       Эй кишвари рахшон.
Сулҳ асту сафо ҳасту ҷамол асту камол аст,
Ваҳдат ба ҳама бурҷи Ватан ҳолати ҳол аст,
Ин хоки Ватан лоиқи васл  асту висол аст,
Дар боғи Ватан қақразанон кабки ҳилол аст,
Пешвоии  Пешвои Ватан лоиқи дастон.
                       Шукрона аз ҷон,
                       Эй  кишвари рахшон.
Эй ҳамватанон хоки Ватан синаи Модар,
Мардони Ватан бар дигарӣ ҷумла бародар,
Занҳо ҳама гулчеҳра ба ҳам аппаву хоҳар,
Тоҷик набувад ҳар ки накард ин ҳама бовар,
Шукронаи ин раҳбару ин кишвари хандон
                        Шукрона аз ҷон,
                        Эй  кишвари рахшон.
То дар сари ин халқу Ватан чун маҳи тобон,
Пешвоӣ кунад ҳомии равшандили Раҳмон,
Сулҳ асту вафо  ҳасту сафо ҳасту гулистон,
Дар авҷи само ҷилва кунад Парчами рахшон,
Дар хоки Ватан рақс кунад мурғи ғазалхон.
                         Шукрона аз ҷон,
                         Эй  кишвари рахшон.
                                             Азизаи Давлатшоҳ 
Ба Пешвои муаззами  миллат
Дар ҳошияи таърих сад шоҳу гадо бигзашт,
Дар бодияи таърих сад шакли садо бигзашт.
Дар ровияи таърих сад обу адо бигзашт,
Аммо нагузашт мислат дар пояи султонӣ,
Ин ҳодиса саршор аст аз ҳикмати раббонӣ.
     
Дунё гузаро бошад, серӯза саро бошад,
Ҳар омадаро аз дар ҳукме ба баро бошад.
Ин суфраи дунё худ хони гузаро бошад,
Дониста мар  ин ҳикмат бо адл қадам монӣ,
Шоистатарин роҳ аст, ин давлати Раҳмонӣ.
    
Аз Нӯширавон дорӣ гуфтори адолатро,
Чун Нӯширавон хоҳӣ бар халқ саодатро.
Дар Нуширавон диди дастони сиёсатро,
Дар зовияи олам як масдари ирфонӣ,
Беҳтар набувад аз ин, сармояи қурбонӣ.
  
Гаҳ зинда куни номе з-Исмоили Сомонӣ,
Гаҳ даври Хутал гарди, гаҳ мулки Бадахшонӣ.
Гаҳ пеши азизони, паҳнои Зарафшони,
З-ин килки Азиза рафт дар васфи суханронӣ,
Шоиста ба ҳар васф аст,ҳар одати Раҳмонӣ.    
 
                                            Азизаи Давлатшоҳ
17.11.2025 9:28
21