Рух додани ду ҳодисаи нақлиётии марговар
14-уми ноябри соли 2025, тахминан соати 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай Портер», Абдуазимов Қӯзиқул Раҳмонович, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Шаҳристон ҳангоми ҳаракат дар километри 260-уми шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанок», аз самти шаҳри Истаравшан ба самти шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, пиёдагардон Саидмуминова Гулчеҳра Муродалиевна, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Деваштич ва духтари хурдсолаш Ҷушқунзода Дилдора, соли таваллудаш 2018-ро, ки роҳро убур мекарданд, пахш кардааст.
Дар натиҷа пиёдагард Саидмуминова Г.М. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, хурдсол Ҷушқунзода Д. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ шудааст.
15-уми ноябри соли 2025, тахминан соати 13:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «ДЭУ Дамас», Ҳайитов Ҳуснидин Ҳакимович, соли таваллудаш 1972, сокини шаҳри Истаравшан ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди деҳаи Бодомзори шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Эргашев Худоёр Мардонович, соли таваллудаш 2002, сокини ҳамин шаҳрро пахш намудааст, ки дар натиҷа дучарахарон Эргашев Х.М. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронанда Ҳайитов Ҳ.Ҳ. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ карда шудааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.















