Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолатҳои дуздӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи марди 54-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 14-уми ноябри соли 2025, тахминан соати 16:00, шахси номаълум аз мағозаи “Олами Китоб”, воқеъ дар кӯчаи Деҳлавӣ, бо роҳи пинҳонӣ аз дохили хазинаи дуконаш 5 ҳазору 200 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро ноболиғи 15-солаи сокини шаҳри Душанбе содир намудааст. 
Инчунин ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ аризаи марди 38-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 10-уми ноябри соли 2025, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз мағозаи фурӯши маҳсулоти мактабиаш, воқеъ дар кӯчаи Шарқ 7 ҳазору 500 сомонӣ ва 1-адад базаи хотираи камераи мушоҳидавиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

17.11.2025 8:20
23