Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо корҳои ободонӣ ва шароити хизматӣ

17-уми ноябри соли 2025 Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба Шуъбаи минтақавии Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар вилояти Суғд ташриф оварда ба корҳои ободонӣ, сохтмони бинои иловагӣ ва азнавсозиҳо дар шуъбаи мазкур шинос шуданд. 
Корҳои сохтмонӣ дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати фароҳам овардани шароити хуби кору хизматрасонӣ барои ҳайати шахсӣ бо маблағгузории ВКД ва МИҲД вилояти Суғд бо сифати баланд иҷро гардида, ин иқдом метавонад дар самаранокии фаъолияти оперативӣ – хизматӣ мусоидат намояд.
Баъди шиносоӣ бо шароити кории фароҳамгардида Вазири корҳои дохилӣ ба ҳайати шахсии шуъбаи мазкур ҷиҳати бо масъулияти баланд иҷро намудани уҳдадориҳои касбӣ як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия

17.11.2025 18:15
180