Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муайян шудани ду ҳолати дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон бо ариза марди 41-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 25-уми октябри соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагии деҳқониаш, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Норини ҳамин ноҳия 2-сар чорвои калони шохдорро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 18 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 46-солаи сокини ноҳияи Ёвон содир намудааст.
Инчунин зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 15-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 2-юми сентябри соли 2025, тахминан соати 13:00, бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматии зани 44-солаи сокини шаҳри мазкур шуда, аз онҷо 3 ҳазору 200 сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

15.11.2025 8:13
32