Конфронси илмӣ - назариявӣ бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Раёсати ВКД дар вилояти Суғд
Рӯзи 14 ноябр дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба муносибати «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “ Эмомалӣ Раҳмон – поягузори давлати муосири миллӣ” баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур ҳайати шахсии дастгоҳи Раёсат, курсантони факултети №4 Академияи ВКД, намояндаи Шӯрои созмони собиқадорони мақомот ва устодони муасисаҳои олии таълимӣ иштирок доштанд. Чорабинӣ бо зинда сароидани суруди миллӣ оғоз ёфт.
Нахуст муовини аввали сардори Раёсат полковники милитсия Анвар Раҳмонзода ҳайати шахсиро ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” табрик намуд. Ёдовар мешавем, ки 16 ноябр дар саросари кишвар Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад ва ин рӯз барои ҳар як тоҷикистонии аз меҳнату талошҳои Сарвари маҳбуби худ огоҳ хеле азизу гироми аст.
Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо омадан ба майдони сиёсат дар тақдири халқу миллат нақши ҳалкунанда гузоштаанд. Муҳимтарини он, хомӯш кардани ҷанги таҳмилӣ, расидан ба сулҳ ва Ваҳдати миллӣ дар Ватан мебошад. Мо бояд ифтихор намоем, ки имрӯзҳо кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиби обрӯи бесобиқа гашта, рушди кишвар, ободиву тинҷӣ ва сатҳи зиндагии мардуми мо хеле боло рафта, Тоҷикистон аз кишварҳои амнтарини дунё ҳисобида мешавад .
Дар мавзӯи «Ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рушди сиёсати ҷаҳонӣ» номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, декани факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шуҳрат Саидзода баромад намуд.
Мавсуф фаъолияти ибратомӯзи Президенти Тоҷикистонро таҳлил намуда, фидокорӣ ва хизматҳои арзандаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар расидан ба сулҳи тоҷикон, мустаҳкамсозии пояҳои давлатдорӣ ва рушду тараққиёти Тоҷикистон таъкид дошт. Самараи заҳматҳои бесобиқаи чеҳраи сиёсии сатҳи ҷаҳонӣ Эмомалӣ Раҳмон дар баробари муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати сулҳпарвар ва болоравии иқтидорҳои иқтисодии он мебошад. Илова бар ин, саҳм гирифтан дар ҳалли проблемаҳои глобалии сайёра ва пешниҳодҳои ба нафъи башарият нигаронида шудаи Роҳбари Ҳукумати Тоҷикистон боиси сарфарозии ҳар як фарди сарзамин аст.
Рафти конфронс имкон дод, ки кормандони милитсия оиди хизматҳои арзандаи Президенти Тоҷикистон маълумоти саҳеҳ гиранд.
Дар асоси тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 16 ноябр «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷлил карда мешавад. Ин эҳтироми мардум ва арҷгузориест нисбат ба Президент ва хизматҳои ӯ.
Ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ хуб медонад, ки садоқат ба Президент ин садоқат ба халқу Ватан мебошад.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.



















