Боғи парчам
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба форсӣ: پرچم جمهوری تاجیکستان) рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Паҳноии парчам дар фазои пойтахти Тоҷикистон 30 метр ва дарозии он 60 метрро ташкил медиҳад.
Санаи 11-уми ноябри соли 2009 вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ба Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид сохтанд, ки мутобиқи он ҳамасола санаи 24-уми ноябр ҳамчуни Рӯзи парчами давлатии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ин таклифро ҷиҳати баррасӣ ба парлумон президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод сохта буд. Бори нахуст 24-уми ноябри соли 1992 парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун рамзи соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби Шӯрои Олии ҶТ тасдиқ гардид. Дар маросими мазкур намояндагони Китоби рекордҳои Гиннес ширкат хоҳанд варзид.
Боғ соли 2012 бунёд шуда, масоҳати он 16,68 га. аст. Боғ бо тарроҳӣ ва меъмориҳои вижааш аз дигар боғҳои шаҳр фарқ мекунад. Боғ ду дарвозаи мунаққаш дорад − яке аз самти «Қасри Миллат» ва дигаре аз кӯчаи Исмоили Сомонӣ. Маркази боғро Парчами Миллӣ (баландиаш 165 м.) оро медиҳад. Дар ҳошияи Парчами Миллӣ кӯли бузургест, ки дар миёнҷояш буфету қаҳвахона дорад ва дар соҳилаш 10 қаиқча барои ҳавасмандони шиноварӣ омодааст. Дар атрофу дохили боғ, аз ҷумла, дар назди Парчами Миллӣ фаввораҳо сар мекашанд; дар атрофи парчам чароғҳои баландшиддат гузошта шудаанд, ки шабона тобиши ҷолибе доранд. Дар боғ майдони варзишие низ муҳайёст, ки дар миёнҷояш муҷассамаи уқоби болкушода устувор аст. Дар паҳлуи майдони варзишӣ барои саргармии наврасон 5 теппачаи бо ҳам васлшаванда ва 8 манораи кандакорӣ низ сохта шудааст. Барои баргузории мулоқотҳову бозиҳову ҷашнҳо дар боғ майдончаи мудаввар мавҷуд аст. Дар боғ беш аз 10 ҳазор бех (аз 50 намуд) дарахтони сояафкану гулбар шинонда шудааст. Роҳраву гулгаштҳои боғ то 4 км тӯл кашидаанд. Дар атрофи гулгашти бузурги боғ, дар назди Осорхонаи миллӣ 31 муҷассамаи номоварони таърихи миллат, ба монанди Куруши Кабир, Ҷамшед, Шоҳи Каёниён, Шоҳи Кушониён, Низомулмулк, Сарлашкари Суғд — Шоҳ Ҳусейн, Шоҳи Хатлон, Рӯдакӣ, Абуалии Сино, Исмоили Сомонӣ, Темурмалик, Восеъ ва диг. қомат афрохтаанд. Барои сайругашти меҳмонон мошинҳои махсус омодаанд. Дар боғ 8 ҳавз мавҷуданд, ки дар миёнҷойи ҳар кадом қаҳвахона сохта шудааст.