Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президент

14-уми ноябри соли 2025 дар толори Вазорати корҳои дохилӣ чорабинии тантанавӣ бахшида ба 33-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Рӯзи Президенти Ҷумурии Тоҷикистон», бо иштироки роҳбарияти Вазорат, меҳмонон ва  ҳайати шахсӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, нахуст роҳбарияти Вазорат ҳозиринро ба ин санаи таърихии Иҷлосияи тақдирсози миллати тамаддунофари тоҷик ва «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» табрику таҳният намуда, аз лаҳзаҳои баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, суханҳои пурмуҳтаво иброз доштанд.
Зимни баргузории чорабинӣ сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» Абдуллои Раҳнамо бо маърӯзаи пурмазмун бори дигар ба аҳли ҳозирин аз давраҳои ҳассосу фаромӯшнашавандаи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тақдири миллати тоҷикро ба сӯи ояндаи дурахшон раҳнамоӣ намуд, ёдовар гардид.
Сулҳи тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавони тоҷик умед ба ояндаи нек, хушбахтӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдати ногусастаниро зинда намуд.
Имрӯз миллати тоҷик ифтихор аз он дорад, ки дар баробари дигар халқҳои олам ҳуқуқу овози баробар дошта, ҳувияти миллии хешро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд.
Иброз гардид, ки чеҳра, либос, муҳит, шароити иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандон дар чанд соли охир куллан тағйир ёфт, рангу ҷилои дигар гирифт. Аз водӣ то фарри қулла роҳ дорем, атроф мисли само кушода аст, ба касе, ба қавме ё миллате дари баста надорем. Оғӯш ва чеҳраи мо аз азал боз буду ҳаст ва умедворам чунин хоҳад монд. Чунин озодӣ ва инсондӯстию беғаразӣ ҳамеша аз забони Сарвари оқили миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо медиҳад ва миллат низ бо пешвои  худ ҳамеша ҳамовоз аст.
Дар воқеъ чунин маҳбубият, чунин арҷмандии Президенти мо далели хизмат, садоқат ва ғамхорию ободкориҳои ӯ ва ҷоннисориҳояшон ба миллати тоҷик аст.
Абдулмуъмин Зайниддинзода, Манучеҳр Маҷидзода 

14.11.2025 10:48
108