Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати пиёдагард дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ

13-уми ноябри соли 2025, тахминан соати 08:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай Аванте”, Нусратуллозода Сардорҷон, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Ҳисор-Турсунзода”, дар вақти расидан дар ҳудуди деҳаи Шӯроби шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Қаландаров Маҳмасаид Саидакрамович, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Ҳисорро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Қаландаров М.С. дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

14.11.2025 8:44
31