Ифшо шудани ду ҳолати дуздӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Н.Хусрав бо ариза марди 51-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 30-юми октябри соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди манзили истиқоматиаш як адад сечархаи барқиашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 12 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғи 13-солаи сокини ноҳияи Дӯстӣ содир намудааст.
Инчунин ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат аризаи марди 31-солаи сокини ноҳияи Данғара ворид гардидааст, ки 12-уми ноябри соли 2025, тахминан соати 23:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ҳангоми дар майхонаи “Роҳи сабз”, воқеъ дар шаҳри Ваҳдат қарор доштанаш, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Галакси А-51”, ки арзишаш 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 28-солаи сокини шаҳри Ваҳдат содир намудааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.















