Ошкор шудани азонихудкунии маблағ
Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ мактуби масъулини ҶДММ “Таджеро” ворид гардидааст, ки марди 37-солаи сокини шаҳри Душанбе, 1-уми декабри соли 2021, дар асоси фармони директори ҶДММ “Таджеро”, ба ҳайси боррасон ба кор қабул карда шудааст.
Гумонбаршаванда ҳангоми кору фаъолият дар ширкати мазкур, тибқи санади молиявии дохилӣ маблағи пулӣ дар ҳаҷми 8 ҳазору 259 сомониро азонихуд намуда, ба хазинаи ширкат ворид накарда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.















