Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии идона бахшида ба Рӯзи кормандони милитсия дар ноҳияи Деваштич

Рӯзи 10 ноябр дар иртибот ба рӯзи касбии кормандони милитсия  соҳибкорони ватандӯсти ноҳияи Деваштич Суҳроб Шарифзода ва Хуршед Шарипов дар пайравии дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шуъбаи ВКД дар ноҳияи Деваштич ду адад воситаҳои нақлиёт тақдим намуданд. Нақлиётҳои мазкур минбаъд дар иҷрои вазифаи хизматӣ истифода шуда, имконияти хизматрасонии милитсияро дар ноҳия боз ҳам беҳтар мегардонад.
Ин иқдом нишонаи эҳтиром ба ҳомиёни тартибот мебошад.
Бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик дар қасри фарҳанги ноҳияи Деваштич бо иштироки раиси ноҳия  Ашуралӣ Ҷалилзода, роҳбарони сохторҳои ноҳиявӣ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, фаъолон ва ҳайати шахсии шуъбаи ВКД дар ноҳияи Деваштич чорабинии идона баргузор гашт.
Нахуст раиси ноҳия дорандагони ин касби пуршарафро ба рӯзи касбӣ табрик намуда аз мавқеъи устувори милитсия дар низоми давлатдорӣ, ранҷу заҳмат ва кӯшишҳои шабонарӯзии кормандони МКД дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои ғайриқонунӣ баён дошт. Гуфта шуд, ки аз замони таъсисёбӣ то ба имрӯз милитсия масъулияти басо душвору пурхатарро ба уҳда дорад, ки мароми он таъмини амнияту осоиштагӣ мебошад, то ин ки шаҳрвандон тавонанд зиндагии шоистаро пеш баранд. Ҳамчунин вобаса ба дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъминоти моддӣ техникии мақомот ва ҳамингуна иқдомҳо аз тарафи мақомоти иҷроияи шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла ноҳияи Деваштич иброз гардид, ки шароитҳои фароҳам гардида имконият медиҳад милитсияи ноҳия бе мушкили фаъолияти хизматиашро пеш барад.
Сардори шуъбаи ВКД дар ноҳияи Деваштич подполковники милитсия Қобил Аҳмадзода ҳайати шахсиро аз номи роҳбарияти ВКД табрик намуда таъкид дошт, ки  бо шарофати соҳибистиқлолии Ватан ва дар заминаи сиёсати ватанпарваронаю созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти ВКД дар қатори дигар мақомотҳо милитсияи тоҷик ба нерӯи қудратманди давлатӣ табдил ёфтааст ва метавонад дар муқобили дилхоҳ қувваҳои бадхоҳи халалдоркунандаи амнияту осоиштагӣ истодагарӣ кунад.  Гуфта шуд, ки милитсияи тоҷик ба савганди худ содиқ монда рисолати касбиашро сарбаландона дар назди халқ ва давлати худ иҷро менамояд.
Дар идома гуруҳи калони кормандони ШВКД дар ноҳияи Деваштич ва собиқадорони соҳа аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо Сипоснома ва туҳфаҳо ҳавасманд карда шуданд. Ҳамчунин иқдоми созандаи соҳибкорон Суҳроб Шарифзода ва Хуршед Шариповро бо Сипоснома қадршиносӣ карданд.
Илова бар ин, дар иртибот ба иди касбӣ бо фармоишҳои ВКД ва Раёсати он дар вилояти Суғд кормандоне, ки зимни фаъолияти хизматӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, бо рутбаҳои навбатӣ, медалу нишонҳои соҳавӣ, Ифтихорнома ва Сипоснома сарфароз гардиданд. 
Барномаи фарҳангӣ анҷомбахшӣ чорабинӣ гардид. Аҳли ҳунар фазои идонаро фароҳам оварда ҳомии қонуну тартибот ва амнияту осоиштагӣ будани милитсияро тавассути суруду тарона ва саҳнаҳои тарбиявӣ намоиш доданд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.

12.11.2025 16:38
34