Ба вуқӯъ пайвастани як чанд ҳодисаи нақлиётии марговар
10-уми ноябри соли 2025, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Волтместр ЕХ5», Тошхӯҷаев Амирхӯҷа Аҳрорхӯҷаевич, соли таваллудаш 2002, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Хуҷанд-Ғафуров», аз самти ноҳияи Б.Ғафуров ба самти шаҳри Хуҷанд дар рӯ ба рӯи «Автостансия»-и ноҳияи Б. Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Турсунов Насрулло Абдурауфович, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи Б.Ғафуровро пахш кардааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Турсунов Н.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
11-уми ноябри соли 2025, тахминан соатҳои 15:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Табаров Рамазон Амониддинович, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Имомалиев Собит Эраҷович, соли таваллудаш 2015, сокини ноҳияи Ёвонро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ, Имомалиев С.Э. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
11-уми ноябри соли 2025, тахминан соати 01:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “GAC AION”, Ҷабборов Муродалӣ Алиевич, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи П.Ханжина ба самти кӯчаи Борбад, дар назди бинои МТМУ №91 ба автомашинаи тамғаи “DONGFEYG AEOLES 7”, таҳти идораи Ёрзода Мустафо Музаффар, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Душанбе бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “GAC AION”, Ҷабборов М.А. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири дохили автомашинаи мазкур Меликова Насиба Нуралиевна, соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Ҳисор, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
11-уми ноябри соли 2025, тахминан соатҳои 00:30-дақиқа, Мухторов Рамазон Сайҳуддинович, соли таваллудаш 2007, сокини шаҳри Ваҳдат, автомашинаи электронии тамғаи «GAC» Аён “SPLUS”, ки ба Толибов Юсуф Хушмаҳмадович, соли таваллудаш 2004, сокини шаҳри мазкур тааллуқ дорад, бе иҷозат гирифта, ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи “Душанбе-Норак” суръати ҳаракати воситаи нақлиётро зиёд намуда, дар ҳудуди кӯчаи Рӯдакӣ рӯ ба рӯи НФС “Газпром” ба самти муқобили роҳ баромада, ба дарахтҳо ва симчӯбҳои барқӣ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Сафаров Эҳсон, соли таваллудаш 2007, сокини шаҳри Ваҳдат дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандаи автомашинаи мазкур Мухторов Р. С. ва дигар мусофирони дохили автомашинаи мазкур Султонов Аминҷон Убайдуллоевич, соли таваллудаш 2007, Раҳимов Муртазо Умарович, соли таваллудаш 2007, Давлатов Беҳрӯз Давлатович, соли таваллудаш 2007 ва ноболиғон Каримов Алиҷон Азимҷонович, соли таваллудаш 2008, Ғуломзода Шукрулло Суҳайлӣ, соли таваллудаш 2010, сокинони шаҳри Ваҳдат ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

















