Ғанӣ гардонидани дастархони идонаи кормандон
10 ноябр дар шафати бинои ВКД ярмаркаи маҳсулоти ниёзҳои аввалия бахшида
ба Рӯзи милитсияи тоҷик баргузор гардид.
Дар ин ярмарка маҳсулот аз хоҷагиҳои ёрирасони ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ва Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фурӯш гузошта шуданд, ки нархи онҳо дар муқоиса ба бозор аз 30 то 50 фоиз арзон буд. Аз ҷумла, нархи як халта орд 170 сомонӣ, 1 кг гӯшт 50 сомонӣ, як баста тухм 15 сомонӣ, 1 литр равған 10 сомонӣ, картошка, пиёз ва сабзӣ дусомонигӣ. Маҳсулотҳои дигар низ бо нархи арзон ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, собиқадорон ва аҳлу оилаи онҳо ба фурӯш гузошта шуд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки ҳамасола дар арафаи ҳама гуна ҷашну маросимҳо дар ВКД ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал гузаронида мешавад, ки кормандони ин ниҳод метавонанд маҳсулотҳоро бо нархи арзон дастрас намоянд.
Ярмаркаҳои идона бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ роҳандозӣ гардида, мақсад аз он ғанӣ гардонидани дастархони кормандону собиқадорони ин ниҳод ба ҳисоб меравад.
У. ОЛИМ,
Т. ЛАТИПОВ



















