Рашт: Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи милитсия
7-уми ноябри соли 2025 дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт, бахшида ба Рӯзи таъсисёбии милитсияи тоҷик ҷаласаи тантанавӣ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт баргузор гардид.
Дар маҷлиси тантанавӣ сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт генерал-майори милитсия Фатозода Абдусатор Абдуқаҳор, Раисони ноҳияҳои минтақаи Рашт, сардорони ШВКД дар ноҳияҳои минтақаи Рашт, ҳайати шахсии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт, собиқадорони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ, намояндагони оилаҳои фавтида, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Рашт ва аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ дар назди Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт иштирок доштанд.
Маҷлиси тантанавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Раштро муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт, полковники милитсия Раҷабзода Рустам Сафаралӣ кушода эълон намуд.
Сипас Суруди миллӣ бо овози зинда хонда шуд ва сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт генерал-майори милитсия Фатозода Абдусатор Абдуқаҳор баромад намуда, бо ҷашни Рӯзи милитсияи тоҷик иштирокчиёни ҷаласаро самимона табрик намуд ва аз корнамоию дастовардҳо, ҷоннисориҳои кормандони милитсия дар даврони Истиқлолият ибрози назар намуд.
Дар раванди ҷаласа раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Зарина Фузайлшо баромад намуда, аз ҳамкориҳои мутақобила, содиқона зоҳир намудани маҳорату малакаи баланди касбӣ дар таъмину муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ, садоқат ба савганд, далерӣ волоияти қонун, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноят, ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон, интизоми намунавӣ, изҳори миннатдорӣ намуд.
Инчунин раиси собиқадорони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт полковники мустаъфӣ Махшулов Хушвахтшо баромад намуда, барои дастгирӣ, расонидани ёрии амалӣ ба собиқадорону нафақахӯрон, оилаҳои фавтида миннатдории худро баён намуда, барои минбаъд ба кормандони ҷавон расонидани ёриҳои ҳуқуқӣ омодагии собиқадорон ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобила иброз намуд.
Ғайр аз ин собиқадори меҳнати ноҳияи Рашт Каримов Сафарбек баромад намуда, кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт ва собиқадоронро ба муносибати Иди касбии кормандони милитсия табрик намуда, аз дастгирӣ, ҳамкориҳои судманди кормандони милитсия бо ҷомеа изҳори назар намуд ва барои дар оянда баҳри пешрафту шукуфоӣ, некуаҳволӣ ва зиндагии шоиста, барои таҳкими волоияти қонун, тартибу интизом, оромию осудагӣ ва сулҳу субот, ҳифзи давлатӣ соҳибистиқлол, демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистон, таманниёти худро изҳор намуд.
Дар раванди ҷаласа барои натиҷаҳои хуби хизматӣ, содиқона зоҳир намудани маҳорату малакаи баланди касбӣ дар таъмину муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ, садоқат ба савганд, далерӣ волоияти қонун, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноят, ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон, интизоми намунавӣ, ҳамкориҳои судманд ва мутақобила бо мақомоти корҳои дохилӣ ва дастгирии ҳаматарафаи кормандон бо Фармоиши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва нохияи Рашт генерал-майори милитсия Фатозода Абдусатор Абдуқаҳор, ҳамзамон бо Фармони Раиси ноҳияи Рашт, як қатор кормандони Раёсати номбурда, хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорон, намояндагони оилаҳои фавтида ва нафақахӯрон бо мукофотоҳо ва кумакҳои моддӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа баҳри фароғату хушҳолӣ, хурсандӣ болидахотирии иштирокчиён барномаи консертӣ бахшида ба Рӯзи милитсияи Тоҷик манзур гардонида шуд.























