Боздид аз корҳои ободонию созандагӣ дар ШВКД шаҳри Ҳисор
7-уми ноябри соли 2025 дар арафаи таҷлили «Рӯзи милитсияи тоҷик» Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз корҳои ободонию созандагӣ ва таъмиру таҷдид дар ШВКД дар шаҳри Ҳисор боздид ба амал овард.
Вазири корҳои дохилӣ аз ошхонаи навбунёд, утоқҳои корӣ, макони шустушӯй ва дигар шароитҳои моддӣ-маишии ШВКД дар шаҳри Ҳисор дидан карда, аз сатҳу сифати корҳои анҷомдодашуда изҳори қаноатмандӣ намуд.
Дар ҷараёни боздид ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ба ҳайати шахсии ШВКД дар шаҳри Ҳисор як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Мавриди қайд аст, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд иҷро намудани уҳдадорию вазифаҳои хизматӣ, ҳифзи молу мулк ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои мардум, таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун, мубориза бо ҷинояткорӣ ва бахшида ба таҷлили Иди касбии кормандони милитсия аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор 2-адад автомашина ва аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ 1-адад автомашина ба Шуъбаи ВКД дар шаҳри Ҳисор тақдим карда шуд.
Гул Маҳбуба







































