Рух додани ду ҳодисаи нақлиётии марговар дар як рӯз
6-уми ноябри соли 2025, тахминан соати 19:10-дақиқа, ронандаи воситаи нақлиёти боркаши тамғаи “Даф”, Маҳмадҷонов Насимҷон Азимҷонович, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён қоидаи ҳаракат дар роҳро риоя накарда, пиёдагард Содиқов Маҳмуд Мирзошарипович, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи мазкурро, ки роҳро аз тарафи рост ба тарафи чап убур мекард, пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Содиқов М.М. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
6-уми ноябри соли 2025, тахминан соати 16:25-дақиқа, автомашинаи тамғаи “Тайота-Каролла”, таҳти идораи ронанда Амиршоев Далер Ҷумахонович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Ишкошим, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Дашт ба самти маркази ноҳияи Ишкошим дар ҳудуди деҳаи Зугванди поён дар километри 115 шоҳроҳи “Тускул-Ишкошим-Хоруғ” аз сабаби дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба тарафи чапи роҳ ба чуқурии 40 метр чаппа шудааст, ки дар натиҷа, ронанда Амиршоев Д.Ҷ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас кардан ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
















