Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани ҷавони 20-сола барои ташкил намудани фоҳишахона

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо гумони ташкил ё нигоҳ доштани фоҳишахона дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда хонаи ба иҷора гирифтаашро ба фоҳишахона табдил дода, 21-уми октябри соли 2025 ба марди 30 ва ҷавонзани 19-солаи сокинони шаҳри Душанбе барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, бар ивази хизматрасониаш аз онҳо 700 сомонӣ гирифтааст. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

07.11.2025 8:38
54