Оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ нисбати ҷавони 18-сола
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини ноҳияи Спитамен бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил ё дигар воситаҳои нақлиёт бидуни мақсади тасарруф дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 31-уми октябри соли 2025, тахминан соати 09:30-дақиқа, автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», ки ба зани 38-солаи сокини ноҳияи мазкур тааллуқ дорад, барои шустушӯ қабул намуда, автомашинаи мазкурро ғайриқонунӣ бидуни мақсади тасарруф аз ноҳияи Спитамен то ноҳияи Деваштич ҳай карда, баъди бозгашт дар ҳудуди ноҳияи Спитамен аз ҷониби кормандони милитсия дар ноҳияи Спитамен дастгир карда шудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 252 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
















