Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо ҳайати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Узбекистон

4 ноябри соли 2025 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҳайати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Узбекистон зери роҳбарии муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ - сардори Департаменти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ полковник Раҳматуллаев Аюбхон Тошхуҷаевич вохӯрӣ доир намуд.
Нахуст Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ҷаноби Аюбхон Тошхуҷаевич ва ҳамроҳонашро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, изҳор дошт, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Узбекистон дар асоси созишномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба рушду такомул ёфта, ин ҳамкориҳои мутақобилан судманд метавонанд баҳри мубориза бо зуҳуроти номатлуб ва хатару таҳдидҳои замони муосир натиҷабахш бошанд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷиҳати таҳким бахшидани робитаи дуҷониба дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ табодули афкор сурат гирифт.

04.11.2025 16:20
86