Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Даст ба дуздӣ задани ҷавонзани 23-сола

Ба ШВКД дар ноҳияи Восеъ аризаи марди 62-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 23-юми июни соли 2025, собиқ келинаш ҷавонзани 23-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бо роҳи пинҳонӣ ба ҳуҷраи хобаш даромада, аз он ҷо 990 сомонӣ ва 1-адад корти бонкии “Душанбе Сити”-ро, ки дар дохилаш  19 ҳазор сомонӣ мавҷуд будааст, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 19 ҳазору 990 сомониро ташкил медиҳад. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

03.11.2025 8:01
25