Рух додани садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои мошингард
28-уми октябри соли 2025, тахминан соати 10:00, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “Мерседес-Бенс”, Абдуллоев Абдулҳафиз Давлатёрович, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми баромадан аз роҳи дуюмдараҷа ба автомашинаи тамғаи “Мерсебес-Бенс”, таҳти идораи ронанда Мастибеков Рукмиддин Сайфуддинович, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Панҷ, ки дар роҳи асосӣ аз самти маркази ноҳияи Ҷайҳун ба самти шаҳри Бохтар ҳаракат мекард, роҳ надода бо паҳлуи тарафи рости автомашина ба қисми пеши автомашинаи мазкур бархӯрда, дар натиҷа мусофири дохили автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Айнибеков Исмоил Холматович, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи Панҷ, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронанда Мастибеков Р.С. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда мешавад.
28-уми октябри соли 2025, тахминан соати 16:30-дақиқа, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб, автомашинаи сабукрави тамғаи “Пикап-фотон”, таҳти идораи ронанда Нуруллои Маҳмадсаид, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми харакат намудан аз самти шаҳри Душанбе ба самти вилояти Суғд ва расидан дар километри 63-юми ҳудуди ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи автомашина набаромада ба қисми чапи роҳ баромада, автомашинаашро ба дохили дара чаппа намудааст.
Дар натиҷа, ронанда Нуруллои М. ҳангоми интиқол додан ба беморхона ба ҳалокат расидааст ва мусофири автомашинаи мазкур Солиев Шодибек Шарипович, соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри Ҳисор, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
28-уми октябри соли 2025, тахминан соати 18:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус”, Амонзода Абубакр Кароматулло, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Ҳисор-Турсунзода” дар ҳудуди деҳаи Ноҷии поёни шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо қисмати пеши тарафи рости воситаи нақлиёт ба автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, таҳти идораи ронанда Бобоев Шарифxон Баҳриддинович, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Ҳисор, ки дар назди автомашина қарор доштааст, бармехӯрад.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” Бобоев Ш.Б. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
















