Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо роҳбари Департаменти мубориза бо терроризми Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин
30 октябри соли 2025 дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо роҳбари Департаменти мубориза бо терроризми Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Гаотси доир гардид.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти тақвият бахшидани муқовимат ба терроризм, экстремизм, сепаратизм, мубодилаи таҷриба ва иттилоот, пурқувват кардани иқтидори мудофиавии сарҳади Тоҷикистон ва таҳкими заминаи моддӣ-техникии мақомоти корҳои дохилӣ баррасӣ гардиданд.
Гул Маҳбуба
















