Рух додани ду ҳодисаи нақлиётии марговар
26-уми октябри соли 2025, тахминан соати 21:15-дақиқа, ронандаи мототсикли электронӣ Гулаев Режаб Бердиевич, соли таваллудаш 1962, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи пиёдагарди шоҳроҳи “Душанбе-Панҷи-Поён”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи мазкур аз болои мототсиклаш ба замин афтида, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, баъдан дар манзили истиқоматиаш вафот кардааст.
27-уми октябри соли 2025, тахминан соати 07:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Нета”, Ашуров Сафархон Маҳмадраҳимович, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Ҷ.Расулов аз тарафи кӯчаи Б.Ғафуров ба самти кӯчаи Абдуллобекови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар болои хати гузаргоҳи пиёдагардони танзимшаванда, пиёдагард Дӯстова Зуҳро Садриддиновна, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Айниро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Дӯстова З.С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби худи ронанда ба беморхона дастрас карда шуда, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

















