Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошти се ноболиғ бо ҷурми дуздӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ноболиғони 15, 16 ва 17-солаи сокинони шаҳри Хуҷанд 27-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 18:30-дақиқа, аз назди гузаргоҳи зеризаминии «Универмаг», воқеъ дар кӯчаи И.Сомонии шаҳри Хуҷанд аз терминали интиқолдиҳии ширкати «Душанбе-Сити» 3 ҳазору 500 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

27.10.2025 8:21
26