Иштироки фаъоли динамочиён дар мусобиқаи байналмилалӣ
25-26-уми октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ оид ба "Киокушинкан" баргузор гардид. Дар ин мусобиқа наврасони Шурои ҷумҳуриявии "Динамо"-и Вазорати корҳои дохилӣ таҳти роҳбарии мураббии Шурои мазкур Раҳмонзода Сайдаҳмад иштирок намуда, соҳиби 3 медали тилло, 3 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ гардиданд.


























