Ҳалокати ронанда дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ
23-юми октябри соли 2025, тахминан соатҳои 06:50-дақиқа, ронандаи мотороли сечархаи тамғаи “DOYANG”, Турдиев Назаралӣ Бобомуродович, соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳияи Данғара ба самти ҷамоати деҳоти И.Шарифи ноҳияи мазкур дар ҳудуди маҳаллаи 15-уми ҷамоати деҳоти Корези ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи моторолераш набаромада ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба моторолери дучархаи тамғаи “SKILLMAX”, таҳти идораи ронанда Султонов Исломиддин Ҳабибуллоевич, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Данғара бармехӯрад.
Дар натиҷа, ронандаи мотороли дучарха Султонов И.Ҳ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.















