Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ нисбати зани 28-сола барои ба худкушӣ расондан

Дар рафти санҷиш аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки зани 28-солаи сокини ноҳияи Шаҳристон дар натиҷаи муомилаи бераҳмона ва мунтазам паст задани шаъну шарафи фарзанди ноболиғи ӯгаяш духтарбачаи 15-солаи сокини ҳамон ҷо 13-уми октябри соли 2025, тахминан соати 17:30-дақиқа, ноболиғ дар манзили истиқоматиашон худро бо роҳи доркашӣ ба ҳалокат расонидааст.
Дар номае, ки марҳум пеш аз маргаш навиштааст, таъкид намудааст, ки ба муносибати бераҳмонаи модари ӯгаяш тоқат карда натавониста роҳи халосиро дар худкушӣ кардан донистааст.
Нисбати  гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

24.10.2025 8:00
80