Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо намояндагони Шурои ҷамъиятӣ дар шаҳри Роғун 

24-уми октябри соли 2025 дар доираи Нақша-чорабиниҳои муштарак байни Вазорати корҳои дохилӣ ва Дафтари барномавии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе барои соли 2025 дар бинои Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Роғун Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло бо намояндагони Шурои ҷамъиятии назди ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии судманд баргузор намуданд.
Дар вохӯрӣ Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло, Раиси Шурои ҷамъиятии назди Вазорати корҳои дохилӣ Ятимзода Ҳотам Акрам, Сардори Шуъбаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун, полковники милитсия  Файзуллозода Илҳом ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало нахуст меҳмононро хайрамақдам гуфта, ҷиҳати ҳамкориҳои пайвастаи Шурои ҷамъиятӣ ва Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Роғун оид ба пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо изҳори миннатдорӣ намуда, ҷиҳати беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолият суханронӣ намуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ба аъзоёни Шурои ҷамъиятӣ аз ҷониби шахсони масъул шаҳодатномаҳои хизматӣ супорида шуд.

25.10.2025 13:47
49