Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба вуқӯъ пайвастани ду ҳодисаи нақлиётии марговар

20-уми октябри соли 2025, тахминан соати 18:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “КИА ОПТИМА”, Карамхудозода Нозия, соли таваллудаш 2005, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди кӯчаи Ҳ.Шерозӣ аз самти кӯчаи И.Сомонӣ ба самти кӯчаи Карамов дар вақти расидан дар рӯ ба рӯи бинои Кӯдакистони №4-и шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон: Фароғатова Гулпари Куйбековна, соли таваллудаш 1973 ва хурдсол Анзураи Соҳиба, соли таваллудаш 2023, сокинони ноҳияи Ишкошимро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Фароғатова Г.К. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расида, хурдсол Анзури С. дар беморхона бистарӣ гардидааст. 
21-уми октябри соли 2025, тахминан соати 10:30-дақиқа,  ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Портер», Шарипов Фурқат Абдувалиевич, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Ҷ.Расулов, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Н.Раҷабов ба самти ҷамоати шаҳраки Меҳробод дар роҳи мошингарди кӯчаи Н.Раҷабов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Сайфуллоева Муслима Нодирбековна, соли таваллудаш 2023, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Сайфуллоева М.Н. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

22.10.2025 8:21
54