Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани кирдорҳои қаллобӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомони аризаи ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳи июни соли 2024, марди 28-солаи сокини пойтахт, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 308 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки 1-адад автомашинаи тамғаи “Лексус РХ-350”, соли бароришаш 2016-ро ба номаш карда медиҳад, аммо то ҳол ба номаш накарда, ӯро фиреб дода гаштааст.
Инчунин ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 44-солаи сокини шаҳри Ваҳдат муроҷиат намудааст, ки аз моҳи июни соли 2024 то моҳи августи соли 2025, зани 37-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, тавассути ҳамёни электронии “Душанбе Сити” ба миқдори 67 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, ваъда додааст, ки аз бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе нуқтаҳои фурӯш гирифта барои савдо медиҳад, аммо то ҳол ӯро фиреб дода, маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

22.10.2025 8:19
59